«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» – Dushanbe Summer Fest 2026 бо барномаи бошукуҳи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» – Dushanbe Summer Fest 2026 бо барномаи бошукуҳи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» («Dushanbe Summer Fest – 2026») бо баргузории барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ва консерти бошукуҳ ҷамъбаст гардид.
Фестивал рӯзҳои 22–23 августи соли 2026 бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷонби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» баргузор карда шуд.
Дар давоми ду рӯзи баргузории фестивал ҳазорон сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин сайёҳони хориҷӣ аз барномаи гуногуну фароғатии он баҳравар гардиданд.
Рӯзи дуюми фестивал низ бо баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва фароғатӣ оғоз гардид. Дар ҳудуди «Наврӯзгоҳ» намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, таом ва хӯришҳои лазиз, шириниҳо ва нӯшокиҳои гуногун ташкил гардида, барои иштирокчиён бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, намоишҳои театриву сиркӣ, сайру гашт тавассути асп ва дигар чорабиниҳои шавқовар пешниҳод шуданд.
Барномаи шоми рӯзи дуюм бо мусиқии DJ оғоз ёфта, сипас барномаи асосии фарҳангии фестивал баргузор гардид.
Дар қисми консертии рӯзи ҷамъбастӣ сарояндагони машҳури кишвар, аз ҷумла Иззат Шарифӣ, Фотима Машрабова, Афзалшо Шодиев, Мадина Ақназарова, Фарзонаи Хуршед, Зикрулло Ҳакимов, Зулайхо Маҳмадшоева ва Шабнами Сураё ҳунарнамоӣ намуда, бо суруду оҳангҳои дӯстдоштаи худ ба иштирокчиёни фестивал хотири болида бахшиданд.
Яке аз бахшҳои ҷолиби барномаи ҷамъбастӣ иштироки ҳунарманди маъруфи хориҷӣ Ҷанага буд, ки ҳунарнамоии ӯ бо истиқболи гарми мухлисон баргузор гардид.
Дар ҷараёни фестивал ҳамчунин бозиҳои бурднок ва озмунҳое, ки аз ҷониби сарпарастон ташкил гардида буданд, ҷамъбаст шуданд.
Бояд гуфт, ки «Фестивали тобистонаи Душанбе» дар солҳои гузашта низ ҳамчун яке аз чорабиниҳои фарҳангиву фароғатии маъруфи пойтахт баргузор гардида, сокинону меҳмонони зиёдеро ба ҳам овардааст. Фестивал қаблан солҳои 2018, 2019 ва 2021 баргузор шуда буд.
Баргузории «Dushanbe Summer Fest – 2026» бори дигар нишон дод, ки шаҳри Душанбе дорои имкониятҳои фаровони ташкили чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ, фароғатӣ ва сайёҳӣ мебошад.
Фестивал барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ, ҷалби бештари сайёҳон ва фароҳам овардани фазои мусоиди истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони пойтахт заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо анҷоми барномаи бошукуҳи консертӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» ба анҷом расид.
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ба яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву фароғатии тобистони имсолаи пойтахт табдил ёфт.

