Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳайати варзишгарони кишвар, ки дар Бозиҳои XX Осиё иштирок хоҳанд кард, баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ ва иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои XX Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳамчун намояндагони Тоҷикистон баромад намуда, барои ҳимояи шарафи давлат ва дастоварди натиҷаҳои арзанда талош менамоянд.

Бозиҳои XX Осиё соли 2026 дар Япония баргузор мегарданд. Варзишгарони Тоҷикистон дар як қатор намудҳои варзиш дар ин мусобиқаи муҳими қитъавӣ ширкат хоҳанд кард.

Мулоқоти мазкур бо мақсади дастгирии варзишгарон ва таҳкими омодагии онҳо пеш аз оғози Бозиҳои XX Осиё баргузор гардид.
Муқаддас Машрабиён
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE