#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!…
#ДОНИСТАН ХУБ АСТ! «Сафеддара» Маҷмааи кӯҳию лижаронӣ «Сафед-Дара» дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат навсозӣ гардида, ба мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил дода шуд. Пойгоҳи лижаронии «Сафеддара» ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ омода карда шудааст. Баргузор намудани мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ин мавзеъ барои муаррифӣ кардани он хеле манфиатовар аст. Он ягона мавзеи сайёҳии лижаронӣ дар мамлакат аст, ки дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, дар он барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳату фароғати меҳмонону сокинони мамлакат тамоми шароит муҳайёст. Ҳоло ин мавзеи нодири табиӣ мавриди таваҷҷуҳи зиёди сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷи мамлакат қарор гирифтааст.

