16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии ин кишвар гулчанбар гузоштанд.Дар макони чорабинӣ қаровули фахрӣ саф кашида буд. Қабл аз гузоштани гулчанбар меҳмони олиқадр – Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Корея арзи эҳтиром намуданд. Ба хотири руҳи гузаштагон дақиқаи хомушӣ эълон карда шуд. Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ дастхат гузоштанд. 16 сентября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в рамках официального визита в Республику Корея возложил венок к мемориальному комплексу Национального кладбища (некрополя) этой страны в городе Сеуле.На месте проведения церемонии был выстроен почётный караул. Перед возложением венка Глава государства уважаемый Эмомали Рахмон отдал дань уважения Государственному флагу Республики Корея. В память об усопших была объявлена минута молчания. После завершения церемонии возложения венка Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон сделал запись в книге почётных гостей.#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Корея #Korea President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

