Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода…

Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
25 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва ҳамсари ӯ Зарифа Алиева, ҳамчунин гулхани ҷовидони шаҳидон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос дошт.
Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов ва Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Ғаффарова мулоқот намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE