ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ОҒОЗ ГАРДИД…

ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Дар маросим вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти китобу китобхонӣ дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа, рушди тафаккури наврасону ҷавонон ва тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат ибрози назар кард.

Зикр гардид, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ ва рушди қобилияти эҷодии шаҳрвандон мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даври ниҳоии озмун имсол 562 довталаб аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок менамоянд, ки 445 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми озмун 368 ҳазору 291 нафар, дар даври дуюм 75 ҳазору 795 нафар ва дар даври сеюм 4 ҳазору 484 нафар иштирок намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE