Дар Душанбе барномаи давлатии рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2026–2030 муаррифӣ гардид…
Дар Душанбе барномаи давлатии рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2026–2030 муаррифӣ гардид
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо муаррифии «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» ва ҷалби дастгирии молиявии шарикони рушд баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоӣ ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва дигар қишрҳои ҷомеа, дар шароити тағйирёбии иқлим аҳаммияти махсус дорад. Зеро Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари осебпазир пайомадҳои тағйирёбии иқлимро эҳсос менамояд.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён доир ба ҳадафу вазифаҳои барнома, роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва имкониятҳои ҳамкории минбаъда бо шарикони рушд табодули назар намуданд.

