Форуми XI байналмилалии зиддикоррупсионӣ баргузор гардид…
Форуми XI байналмилалии зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми XI байналмилалии зиддикоррупсионӣ таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва директори Агентӣ Сулаймон Султонзода суханронӣ намуданд.
Зимни форум масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Дар кори форум намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти назорати молиявӣ ва аудит, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок доштанд. Барномаи форум фарогири се сессияи соҳавӣ буд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

