27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро барои 1048 хонанда дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассиса аз 20 синфхонаи таълимӣ, 10 утоқи корӣ, китобхонаи электронӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 40 омӯзгор, ки 95 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, дар тарбияи насли донишманду ватандӯст ва худогоҳу хештаншинос нақши муассир мебозанд.
Муассиса, ҳамчунин дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва толори маҷлис бо 170 курсӣ мебошад.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #ВМКБ #GBAO #ГБАО

