4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Беморхонаи хусусии Тибби Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, 21 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 кӯдакистон, 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии оби нушокӣ ва рафъи обҳои партов, марказҳои хизматрасонӣ ва забономӯзӣ, бинои маъмурии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳоти Миралиобод, корхонаи парандапарварӣ барои 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ,  корхонаи истеҳсоли хишти Бадахшон-Тур, корхонаи истеҳсоли хишти Шукуҳи маҳсулоти сохтмонӣ ва 70 километр роҳи мумфаршгардидаи маҳаллиро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар маҷмуъ, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаҳои нави таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот зиёда аз 390 ҷойи нави корӣ барои сокинон муҳайё гардид.
Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 540 хонанда ҷойи нишаст ва дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои 400 тарбиятгиранда шароит фароҳам гардид, ки ҳамаи ин нишонаи возеҳи сиёсати созанда, ғамхорӣ ва ҳидоятҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan  #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE