4 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
4 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ бо расман ба истифода супоридани боғчаи бачагонаи Маҳдия идома ёфт.
Кӯдакистони Маҳдия дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар маҳаллаҳои дорои 100 хоҷагӣ дар деҳаи Заркамар бунёд гардидааст.
Муассисаи нав бо риояи талаботи муосир ва истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардида, дар он барои таълиму тарбия ва фароғати 200 кӯдак шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар дохили кӯдакистон толорҳои бозии зимистона мавҷуд буда, дар ҳудуди муассиса низ майдонҳои бозиву варзишӣ ташкил шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки кӯдакон ҳам дар дохили бино ва ҳам дар ҳавои кушод ба бозиҳои инкишофдиҳанда, машғулиятҳои ҷисмонӣ ва дигар фаъолиятҳои тарбиявӣ машғул шаванд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

