Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе…

Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими бошукӯҳи истиқболи ҳайати варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои XX Осиёии соли 2026 дар шаҳрҳои Айчи ва Нагояи Ҷопон иштирок намуданд, баргузор гардид.
Дар маросими истиқбол намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, собиқадорони соҳаи варзиш, пайвандону дӯстони варзишгарон ва шумораи зиёди ҳаводорони варзиш иштирок намуда, дастовардҳои варзишгарони кишварро арҷгузорӣ карданд.
Бояд гуфт, ки Бозиҳои XX Осиёӣ аз 19 сентябр то 4 октябри соли 2026 дар Ҷопон баргузор гардида, беш аз 17 ҳазор варзишгар ва намояндагони ҳайатҳои расмӣ аз 45 кишвари қораро ба ҳам овард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE