ДОНИСТАН ХУБ АСТ!..

#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!
«Искандаркӯл»

«Искандаркӯл» аз кӯлҳои зеботарини Тоҷикистон ба шумор меравад. Он дар баландии 2195-2260 метр аз сатҳи баҳр, дар доманаи қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Фон ҷойгир аст. Кӯл шакли секунҷа дошта, масоҳаташ 3,9 киломерт мураббаъ аст. Ин дарё аз болои кӯҳи афтида ҷорӣ шуда, ба ҷараёни қадими худ меафтад ва яке аз шаршараҳои зебои дунёро ба вуҷуд овардааст. Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро асосан ҳамин шаршараи боҳашамати поёноби «Искандаркӯл» ҷалб менамояд. Шаршараи Искандар яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат буда, 1,3 км шарқтар аз сарчашмаи Искандардарё воқеъ гаштааст. Шаршараи Искандар хеле пурталотӯб ва хурӯшон буда, аз баландии 45 метр ба поён сарозер мешавад ва аз ду зина иборат аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE