Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти машғулиятҳои амалии омӯзишӣ барои рӯзноманигорон дар самти инъикоси мавзуъҳои соҳаи тандурустӣ баргузор гардид,машғулиятҳои мазкур бо ибтикори Академияи ВАО-и Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба баланд бардоштани дониш ва маҳорати касбии рӯзноманигорон дар самти таҳия ва пешниҳоди маводи иттилоотии тиббӣ равона гардида , зимни маросими ҷамъбаст намояндагони Кумитаи телевизион ва радио, Академияи ВАО-и Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз нақши воситаҳои ахбори омма дар баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ёдовар шуда, аҳаммияти чунин барномаҳои омӯзиширо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ рӯзноманигороне, ки дар машғулиятҳои амалии омӯзишӣ фаъолона иштирок намуданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Гуфта шуд, ки ташкили чунин курсҳои омӯзишӣ минбаъд низ бо мақсади такмили маҳорати касбии кормандони воситаҳои ахбори омма ва таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо намояндагони ВАО идома хоҳад ёфт.

