Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид…
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
9 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши илму маориф дар татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Иштирокдорони конференсияи илмӣ-амалӣ нақши илму маорифро дар ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва роҳҳои муассири пешгирии ин зуҳурот баррасӣ намуданд Инчунин доир ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, густариши корҳои маърифатию тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақомоти дахлдор мубодилаи афкор доир гардид.

