Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ва қадршиносии ғолибон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, намояндагони вазорату идораҳо, олимону омӯзгорон, донишҷӯён ва ғолибони озмун иштирок намуданд.
Дар озмун 189 нафар донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ иштирок карда, аз рӯйи натиҷаи ҷамъбастии ҳайати ҳакамон ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ҷойҳои ифтихорӣ муайян шуданд. Ба ғолибон ҷоизаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Озмуни мазкур ба таҳкими фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва ҷалби онҳо ба омӯзиши осори таърихиву сиёсӣ равона гардидааст.
Маросими ҷамъбаст бо барномаи фарҳангиву ҳунарӣ анҷом ёфт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE