Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, аъзои Комиссияи озмун, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва довталабони ба даври ниҳоӣ роҳёфта иштирок намуданд.
Дар оғози маросим раиси Комиссияи озмун, мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайдулло Қувватзода ва котиби Комиссия, директори Китобхонаи милли Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки озмун соли сеюм бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва омӯзиши амиқи осори Пешвои миллат баргузор мегардад. Озмун ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE