ҲАМОИШИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД…

ҲАМОИШИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «35 сол бо ҷавонон барои иттиҳоду ягонагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ» баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур ба гиромидошти таърихи фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, нақши ҷавонон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеа бахшида шуд.

Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои марбут ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар давоми 35 соли фаъолият дар самти муттаҳид намудани ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ нақши муҳим дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE