30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Меҳмонхонаи муосиру бошукуҳи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд.

Масоҳати умуми бинои меҳмонхона 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 206 ҳуҷра, аз ҷумла 50 ҳуҷраи категорияи люкс барои 150 нафар, 23 суперёр, 78 стандартӣ, 2 ҳуҷра барои шахсони имконияташон маҳдуд ва 3 апартаменти президентӣ иборат аст. Ҳуҷраҳои президентӣ бо истифода аз санъати миллии кандакории тоҷикӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ оро ёфтааст. Дар маҷмуъ меҳмонхона наздики 260 ҷойи хоб дорад.
Дар меҳмонхона зиёда аз 400 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст. Бо назардошти марказҳои савдову тиҷорат, ки дар 4 ошёнаи поёнии бино ҷойгиранд, дар таҳхона ва се ошёнаи боло дар маҷмаа дар умум 1500 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар вақти сохтмони иншоот 500 коргар муваққатан ба кор ҷалб гардид. Дар ошёнаҳои 1 ва 21 тарабхонаҳо барои 420 меҳмон омодаи хизмат аст.
Дар меҳмонхона хизматрасонии СПА (SPA) занона ва мардона дар алоҳидагӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, ҳамомҳо, кошонаи ҳусн, тарабхонаҳо, фитнес ва ғайра пешкаш мегардад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE