ШИРИНШО ШОҲТЕМУР — ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН…

#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!
ШИРИНШО ШОҲТЕМУР — ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Шириншо Шоҳтемур (1 декабри соли 1899 – 27 октябри соли 1937) — ходими намоёни сиёсӣ ва давлатии тоҷик, яке аз бунёдгузорони давлатдории муосири тоҷикон ва Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.

Ӯ дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Шириншо Шоҳтемур фаъолияти сиёсӣ ва давлатии худро аз солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ оғоз намуда, дар ташаккул ва рушди сохторҳои давлатии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.

Солҳои 1929–1931 котиби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва солҳои 1933–1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон буд. Ӯ соли 1937 дар шаҳри Москва ба қатл расонида шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 барои хизматҳои бузург дар бунёди давлатдории тоҷикон ба ӯ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»дода шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE