ДАР ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД…
ДАР ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент – кафили ояндаи дурахшон» ҳамоиши тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Анвар Сафарзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, намояндагони сохторҳои гуногун, омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи эҳтиром ба мақоми олии давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қадршиносӣ аз нақши роҳбарияти давлат дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар мебошад.

