Роғун: ифтитоҳи 3 иншооти иҷтимоӣ дар арафаи ҷашни Наврўз

Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврўз – 2021 дар шаҳри Роғун 3 иншооти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ба иттилои маркази матбуоти МИҲД – и шаҳри Роғун, ин иншоотҳо иборат аз марказҳои хизматрасонӣ барои шустушў ва таъмири нақлиёт, ошхонаи миллӣ, нуқтаҳои савдои хўрока ва молу ашёи рўзгор дар маркази шаҳр ва деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти Қади Об будаанд.

Гуфта мешавад, ки иншоотҳои мазкур аз ҷониби гуруҳӣ корӣ бо роҳбарии раиси шаҳри Рогун Сулаймонзода Музаффар Сулаймон, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ифитоҳ шуданд.

Қобили қайд аст, ки чунин корҳои бунёдкорию созандагӣ то арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ бо маром идома меёбанд.

Тоҷиддин САТТОРОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE