Ҳунар аз молу мероси падар беҳ
Дар муайян кардани қадру қимат ва мақому манзалати ҳар шахс ҳунари ӯ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Ин меъёрро донишмандон муқаррар кардаанд. Дар ҳақиқат, ҳунар арзиши баланд дорад ва ҳар касе, ки соҳибҳунар аст, дар ҷомеа сазовори эҳтиром хоҳад буд.
Халқи тоҷик аз қадим ба ҳунар меҳру муҳаббати беандоза дорад ва яке аз вазифаи ҳар падару модар он аст, ки ба фарзанд касбу ҳунар омӯзад. Аҷдодон ҳамеша барои ҳунар омӯхтан мекӯшиданд ва ҳунарҳое, чун заргарӣ, оҳангарӣ, кулолӣ, мисгарӣ, дуредгарӣ, меъморӣ, ҷувозкашӣ, осиёбкашӣ, пазандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва асмоли ин дар байни онҳо хеле маъмул буданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода оид ба таърихи пайдоиш, гузариш аз насл ба насл, то ба замони имрӯз расида омадани баъзе аз ҳунарҳои қадима, эҳёи баъзе аз ҳунарҳои азбайнрафта, раванди имрӯзаи пешрафти ин ё он ҳунар, машғул шудани ҳунармандон бо ҳунарҳои миллӣ, харидоргир будани маҳсули меҳнати онҳо мегӯяд, ин омилҳо моро водор мекунад, ки ба рукнҳои асосии рушди ҳунарҳои мардумӣ диққати махсус диҳем.
Бо назардошти иртиботи қавию ҳамешагии халқи тоҷик ба касбу ҳунар ва равнақ бахшидан ба ҳунарҳои мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал соли 2018 ва сипас солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд, ки иқдомест хеле хирадмандона ва манфиатовар.
Ин иқдом бонувон ва кулли ҳунармандони ноҳияи Исмоили Сомонии шахри Душанберо тайи чанд сол аст, ки беҳбудии кор ва руҳу илҳоми тоза мебахшад. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занони МИҲД – и ноҳияи мазкур Умеда Давлатзода дар ин хусус мегӯяд, музди меҳнати азими кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омӯхтани ҳунари бузург аст. “Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси cap намоянду ҳунаре омӯзанд. Бехабар аз он ки омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу баобрӯй мегардонад. Тавре бузургон мегӯянд, ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст”, – мегӯяд ин ҳамсуҳбати сомонаи мо.
Ба андешаи Умеда Давлатзода, бо рушди ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ ҷойи кори зиёд ба вуҷуд меояд. Марказҳои ҳунармандӣ таъсис меёбанд, дар хонаҳо ҳунарҳои гуногун тавлид мешаванд. Ҳоло як зумра ҳунарҳои қадимӣ аз байн рафтаанд, ки эҳёи онҳо вазифаи муҳими мо мансубини соҳа аст.
Воқеан ҳам, фароҳам овардани шароит барои ҳунармандон, хусусан бархӯрдор гаштани онҳо аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардид, имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, аз ҷумла маҳсулоти армуғонӣ барои сайёҳон дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ афзоиш ёбад, ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд ва сатҳи некуаҳволии мардум баланд бардошта шавад.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”