Бунафшамоҳ Қодирова: зан чашмаи пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад

Имрӯз занони кишвар ҳуқуқи фаъолият дар ҳама сохторҳои давлатиро доранд. Кам нестанд теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умури давлатӣ кор мекунанд. Сафи занон дар мақомоти қудратӣ низ рӯз ба рӯз афзун гашта истодааст, ки ин шаҳодати хуб будани мақоми эшон мебошад. Як силсила фармону қарорҳои Сарвари кишвар, инчунин нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии марду зан ва умуман оид ба масъалаҳои занон бароварда шудаанд.

Симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёду фарҳҳангпарвар ва хештаншиносу боори мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид сулҳу Истиқлоли кишвар иштироки занҳо дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ эхсос карда мешавад. Дар ҷомеаи кунунӣ занони тоҷик бо баробари шинохти макому манзалати хеш дар сохторҳои мухталифи давлат фаолият мебаранд. Кишвар ё ҷомеае, ки арзишу мақоми занро пос медорад, аз маданияту фарҳанги баланд бархӯрдор аст, зеро Зан – Модар сарчашмаи ҳаёт асту манбаи зиндагӣ.

Қодирова Бунафшамоҳ Азизуллоевна дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Вай дар мактаби миёнаи №3 – и шаҳри Кӯлоб таҳсил карда, баъд аз хатми мактаб ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ) дохил шудааст. Пас аз хатми донишкада ба ҳайси муаллимаи фанни забони русии МТМУ №3 – и ш. Кӯлоб кор кардааст. Аз соли 2021 то соли 2004 ба ҳайси муаллимаи кафедраи забони русии Донишкадаи педагогии ш. Қурғонтеппа (ҳоло ДДБ ба номи Носири Хисрав) кор кард. Аз моҳи сентябри соли 2017 дар вазифаи муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор мекунад.

Бунафша Қодирова мегӯяд, зани босавод ва хирадманд метавонад корманди болаёқат ва модари ғамхор шаваду ҷомеаро ба сатҳи баланд барорад. Ӯ мегӯяд, зан – модар шахси муқаддас аст. “Вақте симои ӯ пеши назар меояд аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад, чунки зан – модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳониён саховатмандона нур мепошад, ишқи поки ӯ чун чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад”.

Дар даврони Истиқлол ба зани тоҷик тамоми шароитҳоро дод. Бунафшамоҳ Қодирова бештар кӯшиш мекунад, ки дар роҳи эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва анъанаҳои мардумӣ ҳиссаи сазовори хешро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ гузоранд, зеро ҳунарҳои миллӣ ва анъанаҳои мардумӣ нишони миллат мебошанд.

Воқеан, зан олиҳаи ҳусну малоҳат аст. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфаш бисёр суханҳои меҳрбор гуфтаанд. Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона, имрӯз соҳае нест, ки дар он занҳо кор накунанд ва дар ҷамъияти имрӯза занҳо дар баробари мардҳо истода, кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онхо гул мекунад.

Умеда ХОЛОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE