ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД…

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Имрӯз, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор гардид.

Озмуни мазкур аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда, ба рушди ҳунармандӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ равона гардидааст.

Дар озмун ҳунармандони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи панҷ номинатсия — «Тарроҳӣ», «Наққошӣ», «Кундалнигорӣ», «Армуғони сайёҳӣ» ва «Зардӯзӣ» маҳсули ҳунари худро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Ҳадафи озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон, муаррифии маҳсулоти ҳунармандӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва оммавигардонии суннатҳои мардумӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE