Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанави бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар доираи ҳамоиш муаррифии китоби «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат» доир шуд.

Чорабиниро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Саториён ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки фарҳанг яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат ба ҳисоб рафта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои фарҳангӣ тоҷик нақши муҳим дорад.

Дар чорабини Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли фарҳангу ҳунар, адибон ва дигар шахсиятҳои шинохтаи кишвар иштирок намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор шахсиятҳои илмию адабӣ ва фарҳангӣ барои саҳми арзанда дар бунёди Театри миллӣ ва рушди фарҳанг бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Дар фароварди чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи фарҳанги пешкаши аҳли нишаст гардонида шуд.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE