ДАР ДУШАНБЕ ФОРУМИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛАҲИСТОН ОҒОЗ ГАРДИД…

ДАР ДУШАНБЕ ФОРУМИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛАҲИСТОН ОҒОЗ ГАРДИД

Дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Лаҳистон ба кори худ оғоз бахшид. Чорабинии мазкур дар доираи сафари ҳайати Лаҳистон ба Тоҷикистон баргузор гардида, ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, густариши робитаҳои соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузориҳои дуҷониба равона шудааст.

Дар форум намояндагони доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар иштирок доранд. Ҳайати тиҷоратии Лаҳистонро 10 ширкати пешрафта намояндагӣ мекунанд, ки фаъолияти онҳо соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи кимиёвии маишӣ, энергетика, конструксияҳои металлӣ, системаҳои огоҳсозӣ аз ҳолатҳои фавқулода, истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ва маводи рангубори нақлиёт, инчунин соҳаҳои нақлиёт ва роҳи оҳанро фаро мегирад.

Дар доираи форум баргузории вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Лаҳистон дар қолаби «B2B» низ пешбинӣ шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE