Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ аз намуди самбо соҳиби 6 медал гардиданд
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ аз намуди самбо бахшида ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев дар сатҳи баланд ҷараён гирифта, дар он 11 нафар варзишгарони шинохтаи тоҷик иштироки фаъолона карда, соҳиби 6 медал – 1 тилло ва 5 биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора аз Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқаи мазкур аз рӯи равияҳои самбои варзишӣ миёни мардон ва бонувон ва самбои размӣ миёни мардон сурат гирифт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат карда, 6 медал-1 тилло ва 5 биринҷӣ ба даст овард.
Дар рӯзи аввал паҳлавони шинохтаи тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар вазни 64кг-и самбои варзишӣ медали тилло ба даст овард. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷамшед Сафаров дар вазни -71кг-и самбои размӣ сазовори ҷои сеюм шуд.
Рӯзи дуюми мусобиқа дар самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов (-58кг), Садр Боев (-88кг) ва дар самбои размӣ Меҳрубони Абдулҳақ (-64кг), Фирдавс Мирзоев (-79кг) сазовори медали биринҷӣ гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев 25-26 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор шуд.