“Қалби Осиё – Раванди Истамбул”: ҳадаф ва дурнамо

Конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ташаббуси Ҷумҳурии Афғонистон ва Ҷумҳурии Туркия мебошад, ки расман 2 ноябри соли 2011 дар Туркия созмон ёфт. Аз ин рӯ, нахустин нишасти ин конфронс дар Турчбини шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Равандро 14 кишвари иштирокчии Осиё ва 16 кишвари иштирокчии минтақа, инчунин 12 созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамоҳанг мекунанд. Ин раванд тимсоли як созмонест барои ҳамкориҳои минтақавӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷиҳати таваҷҷӯҳ ба Афғонистон тавассути муколама ва маҷмӯи чораҳои эътимодбахш.

Раванди мазкур барои пешрафти сулҳ, амният ва суботи минтақа тавассути эътимод ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ байни 15 кишвари Осиё ташкил шудааст. Он ҳамсоягони наздики Афғонистон ва ҷонибдорони байналмилалиро дар самтҳои таҳияи машваратҳои сиёсии татбиқи тадбирҳои эҷоди эътимод ва ҳамкории умумии минтақавии кишварҳо муттаҳид мекунад. Он дар асоси се соҳаи ҳамкорӣ таъсис ёфтааст: машваратҳои сиёсӣ, дарёфти тадбирҳои эътимодбахш ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ.

Машваратҳои сиёсӣ барои тақвияти эътимод ва муваффақ шудан ба музокироти сулҳи Афғонистон, инчунин мувофиқати ҳукумати ин кишвар бо гуруҳҳои тундгарои минтақа шарти муҳим ва ҳадафи асосии раванд мебошанд. Ин самт барои ҷамъ кардани кишварҳои узви раванд ва ҷонибҳои манфиатдор дар доираи як конфронс ё созмон ва мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақа миёни ҳукумат ва нерӯҳои мухолиф муҳим арзёбӣ мешавад, зеро густариши машваратҳои сиёсӣ метавонад ҳамкориро дар маркази Осиё тақвият бахшад.

Бояд гуфт, ки раванди машваратҳои сиёсии минтақавӣ барои ҷалби музокироти Афғонистон бо ҳамсояҳои наздик ва дур тарҳрезӣ шудааст. Давоми фаъолият, раванд ба густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи конфронсҳои “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” дар роҳи рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ва эҷоди заминаҳои пайвастшавӣ миёни минтақа ва Афғонистон ба пешрафтҳои зиёд ноил гашт. Дар татбиқи лоиҳаҳои асосии иқтисодии минтақавӣ аксари монеаҳои сиёсӣ бартараф карда шуданд.

Бо ёрии ин раванд ва дарёфти заминаи умумӣ минтақаи Осиё аз имкониятҳои нав дар самти ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф бархӯрдоо гашт. То имрӯз конфронсҳои “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ҳашт тадбирҳои гуногуни эҷоди эътимодро ба даст гирифт, ки дар он як ё якчанд кишварҳои манфиатдори минтақа иштирок карданд: 1. Мубориза алайҳи терроризм (таҳти роҳбарии Афғонистон , Туркия ва муттаҳидшавии кишварҳои Арабӣ). 2. Мубориза бар зидди маводи мухаддир (таҳти роҳбарии Озарбойҷон ва Русия). 3. Идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист (таҳти роҳбарии Қазоқистон ва Покистон). 4. Рушди фарҳанг ва маориф (таҳти роҳбарии Эрон). 5. Инкишофи инфраструктураи минтақавӣ таҳти (сарварии Озорбойҷон ва Туркманистон). 6. Имкониятҳои савдо, тиҷорӣ ва сармоягузорӣ (таҳти роҳбарии Ҳиндустон). 7. Рушди соҳаи кишоварзӣ (таҳти сарварии Покистон), ниҳоят 8. Ҳуқуқ ва имкониятҳои занон (таҳти роҳбарии Туркия).

Ин чораҳои эътимодбахш ба муколамаи минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар минтақаи Осиё мусоидат мекунанд. Ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ барои тақвият додани талошҳои ҷорӣ дар минтақа «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» заминагузорӣ менамояд. Дар доираи тарҳ ҳар сол Конфронси вазирони корҳои хориҷӣ гузаронида мешавад. Дар тӯли сол як бор вазирони корҳои хориҷӣ ва сарони кишварҳои ҳамрайъ, намояндагони созмонҳои воломақом ва ҳайатҳои кишварҳои иштироккунанда дар якҷоягӣ бо созмонҳои ташаббускори минтақавӣ ва байналмилалӣ дар доираи як конфронс гирди ҳам омада, мубодилаи афкор мнамоянд, ки аслан ба пешрафти минтақа ва суботи Афғонистон нигаронида шудаанд.

Чаҳорчӯбаи «Қалби Осиё – Раванди Истамбул” аз ин конфронс то он конфронс эъломияи муштарак қабул карда, то чорабинии соли оянд роҳҳои ҳалли мушкилотеро, ки то ҳол ба он комёб нашудаанд, то конфронси ҷустуҷӯ ва татбиқ менамоянд. Иштирокчиёни конфронси вазирон андешаву натиҷаи муҳокимаҳои худро дар рӯзи Конфронси оянда ироа менамоянд. Дар изҳороти муштарак онҳо дастгирии худро барои ҳалли низову масоили тарафҳо иброз намуда, ӯҳдадориҳои худро дар доираи раванд тасдиқ мекунанд. Натиҷаи муҳими Конфронси вазирон эъломияи солона мебошад, ки онро сарони воломақоми ҳайати кишварҳои иштирокчӣ таҳия менамоянд ва дар анҷоми кори конфронсҳои ҳарсола қабулу эълон карда мешавад.

Ҳар як изҳорот маҷмӯи афзалиятҳоро нишон медиҳад, ки ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ розӣ ҳастанд онҳоро татбиқ намоянд ва ҷиҳати амалишавиашон мадад кунанд. Ин нақшаҳо то соли оянда бод ттбиқ гаванд. Ин афзалиятҳо соҳаҳои рушди муколама, ташаббусҳои махсус ва таваҷҷӯҳи татбиқи саривақтии чораҳои эътимоднокро дар бар мегиранд.

То имрӯз, ҳашт конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” баргузор гаштааст: 1) 2 ноябри соли 2011 (Истамбул, Туркия); 2) 14 июни соли 2012 (Кобул, Афғонистон); 3) 26 апрели 2013 (Алма – Ато, Қазоқистон); 4) 31 октябри соли 2014 (Пекин, Чин); 5) 9 декабри соли 2015 (Исломобад, Покистон); 6) 4 декабри соли 2016 (Амритсар, Ҳиндустон); 7) 1 декабри соли 2017 (Боку, Озарбойҷон) ва 9 декабри соли 2019 (Истанбул, Туркия).

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 – умин конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” – ро ҳамин рӯзҳо баргузор карда истодааст. Дар остонаи Конфронс 29 март нишасти кормандони аршади “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” баргузор гардид. Ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси 9-уми вазирони кишварҳои «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Маросими истиқболи расмии Ашраф Ғанӣ дар майдони Қасри миллат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз самтҳои муҳим ва авлавиятдор аст. Таъкид шуд, ки мо бо такя ба муштаракоти безавол муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судмандамонро ба зинаҳои боз ҳам баландтар хоҳем баровард”. Ҷонибҳо зимни мулоқот рушди ҳамкории байни кишварҳоро дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд. Тамосҳои сиёсии сатҳи олӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётиву транзитӣ ва кишоварзӣ аз самтҳои муҳиму ояндадори рушду тавсеаи робитаҳои ҳамкории ду кишвар номида шуд.

Дар идомаи суҳбат зикр гардид, ки имсол дар Тоҷикистон Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор мегардад. Пешвои миллат бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаи ин ҳамоиш ба раванди барқарорсозии сулҳ дар Афғонистон ва пешрафти иқтисодии он саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Сипас бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зери Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд. Баъдан, дар ҳузури Сарони давлатҳо “Барномаи иқдомоти амалӣ (Нақшаи роҳ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар заминаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ”, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва муташаккил, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ дар солҳои 2021-2022, Созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи олии баррасии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон-Афғонистон байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи саноат ва маъданҳои Афғонистон ба имзо расиданд.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор вазирони корҳои хориҷии кишварҳоро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси “Қалби Осиё — Раванди Истанбул” ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд. Пешвои миллат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлу, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро ба ҳузур пазируфта, доир ба муносибату ҳамкориҳои кишвари мо бо ин мамлакатҳо суҳбат намуданд.

30 марти 2021 дар шаҳри Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” зери унвони “Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва рушд” баргузор гардид. Ҳамоиши вазирон бо суханони ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз шуд. Дар Конфронс вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари ширкаткунанда (Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Россия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари мададрасон (ИМА, Олмон, Британияи Кабир, Япония, Фаронса, Канада, Австралия, Дания, Миср, Финляндия, Италия, Ироқ, Норвегия, Лаҳистон, Испания, Шветсия) ва роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ (Фонди рушди Оғо Хон, Бонки рушди Осиё, Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Ассотсиатсияи ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ, Дафтари СММ оид ба Афғонистон, Барномаи рушди СММ, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, Дафтари минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирона) дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ карданд. Гуфта шуд, ки фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ таъкид доштанд, ки Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд. Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд. “Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем. Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад, – изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки солҳои охир роҷеъ ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавии сатҳҳои гуногун зиёд доир мегарданд.

Ба ҳамёрони байналмилалӣ ва Ҳукумати Афғонистон муяссар шуд, ки зимни ҳамоишу конфронсҳои пешин дар мавриди таҳкими зарфияти нерӯҳои амниятӣ ва барқарории сулҳу суботи комил корҳои чашмрасеро анҷом диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати тавсеаи ҳамкории минтақавӣ дар кишвар иқдомҳои муайян роҳандозӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин, ҳамоно зарурати ҳамоҳангии бештар ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххас дар Афғонистон эҳсос мешавад. Дар ин ҷода фаъолияти “Қалби Осиё — Раванди Истанбул” аз замони ташаккулёбиаш дар соли 2011 то ба имрӯз, бешубҳа, нуфузу мақоми муҳим дорад.

Иштироккунандагони Конфронс таъкид карданд, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва шарокат байни кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки масъалаҳои мубрами минтақавӣ ҳаллу фасл ва ҳамкории муштараки кишварҳо бо Афғонистон мавриди иҷро қарор гиранд. Онҳо изҳор доштанд, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир самти муҳими ҳамкорӣ байни кишварҳо мебошад.

Кишварҳои ширкаткунанда, мададрасон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ карданд. Дар ин робита, аз Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати Толибон даъват карданд, ки барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дар кишвари азияткашида заминаи устувор гузоранд. Онҳо нақши калидии Афғонистонро дар таъмини амният дар тамоми минтақа таъкид карда, аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он пуштибонӣ намуданд.

Дар хотима изҳороти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назди намояндагони ВАО аз натиҷаи Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» шунида шуд. Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ гуфт, “Мо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро бо таъкид ба дурнамои ҳалли мусолиматомези Афғонистон, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир баррасӣ кардем. Мо ба пешбурди муколамаи байниафғонӣ, ки 12 сентябри соли 2020 дар Давҳа оғоз ёфт, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардем.

Дар музокирот инчунин масъалаҳои амалии густариши муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мубодилаи илму маориф ва лоиҳаҳои башардӯстона бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мо изҳор доштем, ки Афғонистон шарики муҳимми минтақаи мо аст. Дар асоси анъанаҳои дӯстонаи таърихӣ кишварҳои минтақа ҷонибдори рушди муколамаи сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо Афғонистон мебошанд”. Сипас вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» Эъломияи Душанберо қабул карданд.

Бояд зикр кард, ки фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.

Метавон гуфт, ки раванди мазкур то имрӯз дар ҳар се рукни меҳварии худ: машваратҳои сиёсӣ, тадбирҳои эътимодсозӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ муваффақ гаштааст. Ҳамзамон, «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» заминаҳои муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус мусоидат ба ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро бо амалӣ гардонидани лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, зерсохтор ва энергетикӣ то ҷое таъмин намуда истодааст.

Мирсаид САТТОРИЁН,

 “Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE