Муъминобод: наваскарон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд
Имрӯз дар майдони Сомонии ноҳияи Муъминобод бо иштироки Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода ва роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия маъракаи гусели наваскарон доир гардид. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод Бахтовар Диловар хабар дод.
Лутфия Шарифзода наваскаронро барои содиқона хизмат кардан ба Ватан даъват намуда, иброз намуд, ки «дар ҳукмномаи таърих оварда шудааст, ки ҳанӯз дар даврони Курӯши Кабир анъанае роиҷ буд, ки ҷавонмардони ҳақиқӣ аз се имтиҳони ҳаёт гузашта, баъд ифтихори ҷавонмардиро соҳиб мешуданд. Имтиҳони аввал-тандурустӣ ва паҳлавонӣ, имтиҳони дуюм – ақлу дониши расо ва имтиҳони сеюм-одобу фаросати ҳамида буд. Вақте кас ҳар се имтиҳонро гузашту савганди ҳарбӣ – савганди садоқат ба Ватан ёд кард, баъд унвони сарбозро гирифта, ба ӯ яроқ, техникаи ҳарбӣ ва дигар муҳимоти ҷангиро бовар мекунанд».
Мавсуф иброз дошт, ки «дар хотир дошта бошед, ки ҳар лаҳзаи хизмати ҳарбӣ – ин ҳифзи нангу номуси падару модарон, хоҳарону бародаронест, ки дар фазои амнияту осоиштаи Ватан умр ба сар мебаранд. Бо сабру ботаҳаммул ва фидокору бо масъулият буданро фаромӯш насозед. Дар охир бо анъанаи «Кулчагазон»-у барномаи мусиқии бахши фарҳанги ноҳия табъи ҳозирин шод гардонида шуд.