Аҳмадзода: захираи маводи ғизоӣ барои таъмини аҳолии вилоят басанда аст

Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни баргузории ярмарка фуруши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд изҳор дошт, ки дар вилоят барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ захираву имкониятҳо басанда аст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, Аҳмадзода барои мунтазам ташкил намудани ярмаркаҳо ба масъулин супориш додааст. Гуфта шуд, ки танҳо дар давоми ду моҳи соли равон дар вилоят ба маблағи беш аз 420 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст ва кишоварзони вилоят метавонанд пурра аҳолиро бо маводи зарурӣ таъмин созанд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE