Русия барои баргаштани донишҷӯёни тоҷик иҷозат дод

Донишҷӯён аз 6 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон иҷозати бозгашт ба Россия барои идомаи таҳсилро пайдо карданд. Дар ин робита қарори ҳукумати ин кишвар тасдиқ шудааст.

Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия тавзеҳ додааст, ки бо қарори Ҳукумат донишҷӯён, аспирантҳо, ординаторҳо ва шунавандагони факултаҳои омодагӣ аз Тоҷикистон, Венесуэла, Олмон, Сурия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка метавонанд ба ин кишвар барои идомаи таҳсилашон баргарданд.

Вазорати илму таҳсилот тавзеҳ додааст, ки иҷозат бо назардошти арзёбиҳои “Роспотребнадзор” дар мавриди вазъи эпидемиологии кишварҳо дода мешаванд. Вазорат таъкид намудааст, ки донишҷӯён бояд бархе муқаррароти беҳдоштиро риоя намоянд. Аз ҷумла бар асоси тартиби мақараршуда, донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Россия огоҳ кунанд.

Пас аз фиристодани мактуб, онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд. Дар баробари ташхиси коронавирус, ки на дертар аз 3 рӯз пеш аз вуруд ба Русия, анҷом дода шудааст, инчунин донишҷӯёни тоҷик бояд дар давоми 72 соат пас аз вуруд ба Русия озмоиши дуввуми “ПСР”-ро супоранд. Дар давраи хонашинӣ омӯзиш дар формати фосилавӣ сурат мегирад. Афроде, ки аз озмоиши такрорӣ нагузаштаанд, ба омӯзиши муқаррарӣ роҳ дода нахоҳанд шуд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE