Исфара: Ба оилаи шахсони фавтида кӯмакҳои пулӣ расонида шуд
5 майи соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба манзили шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҳалокшуда ташриф оварда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони шаҳидон таъзия баён карданд.
Раиси вилоят ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили шахсони марҳум, сокини Ҷамоати деҳоти Сурх – Бахтовар Маҳмудов, сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ – Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух – Меҳрӯзиддин Болтаев рафта, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи онҳо изҳори тасаллият намуданд.
Таъкид карда шуд, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.
Зимнан падари Ҳакимбой Ниёзов изҳор дошт, ки “ҳифзи марзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост ва мо бо тамоми нерӯ барои ҳимояи кишвар омода ҳастем”.
Раҷаббой Аҳмадзода илова кард, ки давлату Ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад. То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда ҳоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.
Аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи шахсони зикршуда ба миқдори 70 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ 700 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ супорида шуд.
sugd.tj