Расман: Дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр 13-уми май таҷлил мешавад

Бино ба иттилои котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 13-уми май таҷлил карда мешавад. Ба гуфтаи мавсуф дар ин бора имрӯз 6-уми май Қарори Маҷлиси Шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расид. Вақти баргузории намози ид соати 6:00-и субҳ муайян шудааст. Тибқи қарори қабулшуда имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки барои расонидани кӯмакҳои моддӣ ба ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзи ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худ намунаи ибрат бошанд. Шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст, метавонанд закоти худро дар баробари ниёзмандону фақирон ба шаҳидони дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан қурбоншуда ба оилаҳои онҳо расонанд.

Шодонҷон Султонов

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE