Мақом ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар СААД

Таъмини амният, сулҳу субот, эҳтироми ҳатмии истиқлол, тамомияти арзӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии кишвар аз ҷумлаи принсипҳоест, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии ҳар давлат дарҷ гардида, ҷойи махсусро ишғол менамоянд. Амнияти давлат дар ҳар давру замон нишондиҳандаи қудрат ва тавоноии ҳар миллату давлат мебошад. Аз ин лиҳоз, обрӯю эътибори созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмиллалӣ, ки масъалаҳои таъмини амният меҳвари фаъолияти онҳоро ташкил медиҳад, ҷойгоҳи созгореро  касб намудаанд. Яке аз чунин созмони ҳамгироӣ дар соҳаи амният Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба ҳисоб меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли он мебошад.  

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар системаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд, зеро марзҳои он сарҳади  ҷанубии кишварҳои узви СААД ба шумор рафта, оромӣ, сулҳу субот, тамомияти арзии Тоҷикистон кафили амнияти тамоми минтақаи масъулияти ин созмон ба ҳисоб меравад.

Нуқтаи муҳимро қайд намудан лозим аст, ки ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи сиёсати хориҷии кишвари моро дар робита бо воқеиятҳои муосири геополитикӣ муайян менамояд. Аз ин лиҳоз, вақте сухан дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар минтақа ва фаъолияти он дар доираи созмонҳо меравад, нуқтаи зеринро ба инобат гирифтан лозим аст, ки агар  Тоҷикистон аз як тараф дар минтақаи аз ҷиҳати захираҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданок бой ҷойгир шуда бошад, аз тарафи дигар дар минтақаи мураккаб қарор дорад. Аз ин рӯ, сиёсати кишвар низ аз ҳамин омилҳо вобаста буда, бо ба инобат гирифтани онҳо тарҳрезӣ мегардад.

Чун Тоҷикистон марзҳои тӯлонӣ бо Афғонистон дорад (зиёда аз 1400 км), албатта ба тақдири ҳамсоякишвар ва бародари ҳамфарҳангу  ҳамзабони худ бетараф буда наметавонад, зеро он хатарҳое, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, аз ин ҳудуд маншаъ мегиранд. Аз ҳамин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳамсарҳаду наздик бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар СААД мавқеи назаррасеро ишғол мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кӯшиш ба харҷ додааст, ки вазъ дар ин кишвар ором шуда, амнияти саросарӣ таъмин гардад.  Аз ин рӯ, имрӯз ҳангоми баррасии масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ Тоҷикистон диққати ҷомеаи ҷаҳониро маҳз ба мураккабшавии вазъ дар  Афғонистон ҷалб намуда, ба тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии чун терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи АвруОсиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзии хеш ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар робита ба ин, Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СААД дар амал  воқеан ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад.

Зикр намудан лозим аст, ки мувофиқи Оинномаи СААД, яке аз самтҳои асосии фаъолияти созмон дар роҳи пешгириии ҷамъшавии шиддати мухолифат дар минтақаи муайян ин гузаронидани машқҳои ҳарбӣ мебошад. Чунин машқҳо ба мисли «Боевое братство», «Взаимодействие», «Эшелон» ва дигарҳо ҳамасола дар қаламрави давлатҳои аъзои созмон гузаронида мешаванд. Ташкил намудани чунин машқҳо омодагии қувваҳои созмонро бар зидди хатару таҳдидҳои мавҷуда нишон медиҳад. Аз тарафи дигар намоишгар ва қувваи боздорандаи терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Моҳи марти соли ҷорӣ тариқи видеоконфронс дар Ситоди муттаҳидаи СААД оид ба ташкили чорабиниҳо барои  соли 2021 машваратҳо баргузор шуданд. Иштирокчиён доир ба пешниҳодҳои Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили машқҳои махсуси «Эшелон-2021» ва «Поиск-2021», машқҳои муштараки «Взаимодействие -2021», машварат доир намуданд.

Инчунин ҳамкориҳои густурда миёни кишварҳои узв барои муқобила бо таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки аз ҷумла дар марз бо Афғонистон ба миён меоянд, роҳандозӣ шудааст. Аз соли 2003 то 2019, дар доираи амалиёти минтақавии СААД бо номи “Канал” – 385 тонна маводи мухаддир, 14 ҳазор силоҳи оташфишон ва 392 адад лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.

Аз соли 2008 то 2019 СААД кӯшиш дорад, ки бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза барад ва дар доираи амалиёти “Нелегал” тавонист 1,5 миллион ҳолати қонуншикании муҳоҷиратро муайян карда, 4 ҳазор нафаре, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, дасгир намояд. Ҳамчунин ба маблағи 90 миллион доллар қонуншиканонро ҷарима баста, беш аз 13 ҳазор парванди ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар раванди мубодилаи иттилоотӣ ва машварат, машқҳои низомии СААД яке аз механизмҳои асосии пешгирӣ ва мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ мебошанд. Аз соли 2009 инҷониб, ин созмон фазои маҷозиро низ ҳифз мекунад ва дар доираи амалиёти “Прокси” то охири соли 2019, дастрасӣ ба 32 ҳазор сайти интернетие, ки созмон дар фаъолияташон муҳтавои ҷиноӣ муайян сохтааст, маҳдуд карда, дар ҳамин асос 15 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Қайд намудан лозим аст, ки яке аз хусусияти фарқкунандаи Созмон аз дигар ташкилотҳои минтақавию байналмиллалӣ дар он аст, ки СААД созмони ҳарбию сиёсӣ буда, хусусияти мудофиавӣ низ дорад ва барои ҳамроҳ шудани аъзои нав, ки пайрави ҳадафҳо ва принсипҳои он мебошад, кушода аст.

Аз ҷониби дигар, СААД ҳамчун инфрасохтори интиқоли имтиёзноки техникаи ҳарбӣ ва омӯзиши сарбозони кишварҳои собиқ Шӯравӣ фаъолона истифода мешавад. Ин созмонро мешавад ҳамчун “ташкилоти интиқолдиҳанда” барои гузариши кишварҳои ИДМ аз стандартҳои ҳарбии пешин ба стандартҳои муосир баҳогузорӣ кард.

Мувофиқи рейтингҳои байналмиллалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои амнтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад.  Гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланд дар кишварамон низ яке аз далелҳои пойдор будани суботу амният дар сарзамини тоҷикон маҳсуб меёбад.

Соли ҷорӣ барои Тоҷикистон соли пур аз чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ буда, кишвари мо дар соли 2021 раёсати як қатор созмонҳои пуршарафро ба мисли  СААД ва СҲШ ба уҳда дорад.

Аз оғози соли 2020 то имрӯз на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон ташвишовар буд, ҷаҳон бар асари пандемияи COVID-19 ба буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ дучор гардид. Хушбахтона Тоҷикистон ин паёмадҳоро ба хубӣ паси сар намуда, баҳри рафъи оқибатҳои вазнини ин буҳрон чораандешӣ намуда истодааст. Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар давраи раёсати худ пешниҳодҳои муҳимро пешбарӣ намояд. Афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин давра аз масъалаҳои зерин иборат мебошанд:

Якум, бо дарназардошти вазъи имрӯза вобаста ба ҳамагирии коронавируси нав зарурати идомаи корҳо дар самти таъмини амнияти тиббиву биологии кишварҳои аъзои Созмон ва дар чаҳорчубаи СААД таъсис додани механизми ҳамкорӣ дар ин арса;

Дуюм, бо дарназардошти истифодаи торафт фаъолонаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ барои ҳадафҳои таблиғ ва ҷалбсозӣ, тавсеаи минбаъдаи амалҳои хадамоти махсус дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо, инчунин иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ташаккули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳо, ки дар сиғаи СААД террористӣ эътироф шудаанд.

Сеюм, машқҳои ҳарбӣ таҷассумгари омодабошии нерӯҳои мусаллаҳ ва махсуси Созмон ва қувваи боздоранда дар роҳи маҳви терроризму гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад, аз ин рӯ, доир намудани машқҳои махсуси «Эшелон-2021» ва «Поиск-2021», машқҳои муштараки «Взаимодействие -2021» дар ин самт хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳодисаҳои солҳои охир боз як бори дигар собит намуданд, ки  созмонҳои амниятӣ ба як механизми боздоранда ва намоишгари тавоноӣ чӣ дар минтақа ва чӣ ҳар давлатҳои алоҳида мубаддал гардидааст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба фаъолияти худ дар СААД аҳамияти махсус дода, дар густариши ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби созмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE