Дувумин Форуми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон
9 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Дувумин Форуми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Дар робита ба ин чорабинии сатҳи баланд имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Ба иттилои ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода, дар нишаст зикр шуд, ки ин чорабинӣ ҳамчун платформаи калидӣ барои намояндагони бахши давлатӣ, тиҷорати хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ хизмат намуда, имкони муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди саноати кӯҳкории кишварро фароҳам меорад.
Ба маълумоти масъулон, мақсади баргузории форум муаррифии иқтидори захираҳои маъдании Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, намоиши доираи васеи захираҳои мавҷуда — аз ҷумла металлҳои ранга ва маъданҳои муҳим — ва муайян кардани лоиҳаҳо ва имкониятҳои умедбахши сармоягузорист. Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи стандартҳои муосири байналмилалии гузоришдиҳии геологӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, рақамикунонии равандҳо ва такмили механизмҳои иҷозатномадиҳии соҳа равона карда мешавад.
Интизор меравад, ки беш аз 20 ширкати пешбари соҳаи маъдан аз Тоҷикистон ва зиёда аз 200 иштирокчии хориҷӣ — аз ҷумла сармоягузорон, истеҳсолкунандагони таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ — иштирок хоҳанд кард. Ҳузури онҳо барои мубодилаи таҷриба, пешниҳоди амалияҳои пешқадам ва густариши ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти махсус хоҳад дошт.
Т. Сатторов

