Ташаббуси Тоҷикистон оид ба ҳифзи кафтори рахдор дар COP-20 дастгирӣ ёфт
Аз 24 ноябр то 5 декабри соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Конфронси 20-уми Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (СИТЕС) баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре аз ин кумита ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс намояндагони беш аз 130 кишвар, роҳбарони созмонҳои ҷаҳонӣ, коршиносони бонуфуз ва ҷомеаи илмӣ иштирок намуданд.
Зимни конфронс масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, муҳофизати намудҳои нодири ҳайвонот ва таҳкими ҳамгироии кишварҳо баррасӣ гардид.
Дар доираи конфронс 27 ноябр бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии канорӣ оид ба мақоми ҳифз ва нигоҳдории кафтори рахдор гузаронида шуд.
Дар натиҷа пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кафтори рахдор ки дар ҳолати ҷиддии маҳвшавӣ қарор дорад, аз замимаи 3-и Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта ба замимаи 2-юми ин Конвенсия гузаронида шуд. Ин иқдом 4 декабр дар ҷаласаи пленарии COP-20 расман қабул гардида, аз ҷониби аксари кишварҳои иштироккунанда дастгирӣ ёфт.
Иброз шуд, ки ворид гардидани кафтори рахдор ба замимаи 2-юми Конвенсияи CITES имкон медиҳад, ки ҳимояи байналмилалии ин намуд ба таври назаррас тақвият ёбад. Бо ин тасмим савдои байналмилалии ҳайвон ва узвҳои он таҳти назорати қатъӣ қарор мегирад. Инчунин имконоти мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар гардида, барномаҳои ҳамоҳангсозии байналмилалӣ оид ба ҳифзу барқарорсозии он густариш меёбад. Дар ин замина давлатҳо уҳдадор мегарданд, ки дар қаламрави худ чораҳои заруриро барои пешгирии қочоқ ва нестшавии ин ҳайвон ба роҳ монанд.
Бояд гуфт, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ин намуди ҳайвон ба чораҳои иловагии ҳифз ва мониторинги дақиқ ниёз дорад. Дар ҳамин замина ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иқдоми саривақтӣ ва мувофиқ ба сиёсати устувори экологии мамлакат пазируфта шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

