Қадами нав дар сайёҳии рақамӣ: Душанбе бо «QR-Роҳнамо» таҷҳизонида мешавад
Бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таъмини дастрасии шаҳрвандон ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба иттилооти боэътимод дар бораи маконҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчунин татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия – 2025-2030» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия ва амалӣ карда мешавад.
Тавре аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расидааст.
Татбиқи ин иқдом идомаи мантиқии дастгириҳо ва дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисод, ҷалби сармоя, такмил додани инфрасохтори муосир ва боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ дар мамлакат мебошад. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ дар мувофиқа бо ин сиёсати миллӣ барои рақамисозии пойтахт, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои сайёҳон пайваста ташаббусҳои нав ба роҳ мемонанд.
Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардида, ба сокинон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон медиҳад, ки тавассути скан намудани рамзҳои QR дар бораи 45 иншооти таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли матнӣ ва аудиоӣ дар портали расмии сайёҳии шаҳри Душанбе — Dushanbe Travel маълумоти муфассалро дастрас намоянд. Дар марҳилаи навбатӣ иловаи забонҳои чинӣ ва арабӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Аломатҳои «QR-роҳнамо» аз санги мармар омода шуда, дар назди ҳар иншоот насб мегарданд. Маълумоти муфассал оид ба ҳар мавзеъ дар портали расмии сайёҳии шаҳри Душанбе — Dushanbe Travel ҷойгир карда шуда, аз ҷониби коршиносон таҳия карда мешавад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии иттилоотии сайёҳӣ, муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, рушди туризми рақамӣ ва кам кардани ниёз ба роҳбаладони ғайритахассусӣ мусоидат мекунад.
Дар асоси қарор шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо сохторҳои дахлдор минбаъд низ барои насби «QR-роҳнамо» дар назди бинову иншооти сайёҳӣ ва маконҳои таърихию фарҳангии дигар тадбир меандешад.
Лоиҳаи «QR-роҳнамо» яке аз ташаббусҳои муҳим дар роҳи табдили Душанбе ба яке аз марказҳои сайёҳии рақамии минтақа ба шумор меравад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон барои сайёҳони дохилию хориҷӣ тавассути технологияи муосир дастрас ва ҷолиб гардонида шавад.

