Пешвои миллат бо Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз байни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доир гардид.
Дар оғози суҳбат ҷонибҳо ба муносибати фарорасии Иди мубораки Фитр мубодилаи табрикоти гарм намуда, ба мардумони ду кишвар некӯаҳволӣ ва сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти мулоқоти қарибулвуқӯи сатҳи олиро ба манзури густариши самарабахши минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Қазоқистон таъкид намуданд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкории самараноки миёни ду кишвар дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Ҷонибҳо инчунин баъзе ҷанбаҳои масъалаҳои байнлмилалӣ ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.