Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Абдикарим Алимбоев мулоқот намуд

16 июн Раиси  вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  бо Раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Абдикарим Алимбоев мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар мавриди тарғибу ташвиқи ҳаёти осоишта дар минтақаҳои марзӣ, чорабиниҳои муштаркаи фарҳангӣ ва дигар тадбирҳоро, ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстона мусоидат мекунанд,  табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили  истифодаи  об мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот роҳбарони сохторҳои қудративу идораҳои оби ду кишвар иштирок намуда, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки обро минбаъд дар  асоси ҷадвале, ки аз ду тараф таъйид гардидааст, истифода мебаранд.

Инчунин зикр гардид, ки дар минтақаҳои баҳсӣ ҳама гуна сохтмонҳо бе мувофиқаи ҷонибҳо иҷозат дода намешавад. Масъалаҳои  боздошту нигоҳ доштани шаҳрвандон, гузаштани чорвои сокинон ба марз, ки  боиси ихтилоф мешаванд,   минбаъд дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ  дар сатҳи ноҳиявӣ баррасӣ  ва  ҳал карда  шаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE