Душанбе: оғози Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»

19 июн  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ» Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ байни мардон ва занон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оғоз  гардид. Дар мусобиқаи мазкур 26 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Душанбе иштирок намуда, он дар ду марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи аввал миёни варзишгарони касбӣ ва марҳилаи дуюм миёни кормандони вазорату кумитаҳо доир мегардад.

Дар кушодашавии мусобиқаи мазкур  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндаи Федератсияи шиноварии Тоҷикистон Ориф Ҷӯраев, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, Директори МД «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов ва муовини Директори Қасри теннис Алисомон Алиаҳмадзода иштирок доштанд.

Мавсума Муинӣ гуфт, ки  ҳадафи асосии чорабинии мазкур ташвиқ, тарғиб ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди варзиши шиноварӣ дар кишвар ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.

Қабл аз баргузории ин мусобиқа Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо мураббиёни намуди шиноварӣ, ки масъулияти дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани мусобиқаро ба уҳда доранд, бо намояндагони дастаҳои иштирокчӣ мулоқот намуда, тартибу низом ва мақсаду ҳадафҳои асосии  мусобиқаи мазкурро  ба ҳозирин шарҳ доданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибонро туҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» интизор аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE