Раванди овоздиҳӣ дар маросими The Best
Рӯзи душанбе дар Париж маросими супурдани ҷоизаҳои Федератсияи байналмиллалии Футбол The Best баргузор шуд ва Лионел Месси ҷоизаи беҳтарин футболбозро ба даст овард. Дар овоздиҳӣ Килиан Мбаппе ва Карим Бензема ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд. Ҷоизаҳои Федератсияи байналмиллалии футбол The Best бар пояи пурсишҳои капитанҳои тими миллӣ, мураббиёни тими миллӣ, рӯзноманигорони ҳар як кишвари узви ФИФА ва овоздиҳии интернетии мухлисон дода мешавад. Ҳар як сегмент 25% холҳои умумиро ташкил медиҳад. Имсол раванди овоздиҳи барои ба даст овардани ин ҷоиза хеле ҷолиб сурат гирифт. Капитани тими Австрия Давид Алаба Лео Мессиро дар ҷои аввал гузошт, ки аз Бензема ва Мбаппе болотар аст ва ин қарори ӯ боиси хашми баъзе мухлисони Реал Мадрид гашт. Футболбозони Реал Мадрид одатан ба легендаҳои Барселона овоз намедиҳанд. Давид Алаба интихоби худро чунин тавзеҳ дод: “Дар овоздиҳӣ на танҳо ман, балки тамоми тими Австрия ширкат карданд. Мо дар дохили даста овоздиҳӣ гузаронидем, ки дар он ҳар кас интихоби худро кард – ва ин тавр шуд. Леонил Месси бошад дар овоздиҳӣ зебо рафтор кард: ӯ Неймарро дар ҷои аввал гузошт ва танҳо баъдан Мбаппе ва Бенземаро ҷой дод. Ин аст як ишора ба дӯсте, ки бо ӯ дар Барселона бозӣ мекард ва ҳоло ҳам дар ПСЖ бозӣ мекунад. Неймар дар натиҷаи овоздиҳӣ мақоми 9-умро касб кард, Бензема ва Мбаппе бошад дар сегонаи беҳтарин қарор гирифтанд. Месси то ҳол ба рақибони худ баҳои баландтарин надодааст. Дар овоздиҳии мураббиён Месси ба Скалони ва Гвардиола овоз дод, дар байни дарвозабонҳо Эмилиано Мартинесро дар ҷои аввал гузошт. Боз як ҷузъиёти ҷолиб дар бораи Месси: Аргентинӣ дар овоздиҳии мухлисон 1,35 миллион овоз гирифт – бештар аз Мбаппе ва Бензема дар маҷмӯъ. Килиан 391 хазор, Карим 200 хазор овоз доранд. Сармураббии тими миллии Хорватия Златко Далич, ки дастаҳоро ба финал ва нимфиналҳои чемпионатҳои ҷаҳонии гузашта роҳбарӣ мекард, аз ширкат дар овоздиҳӣ худдорӣ кард. Ӯ чунин мешуморад, ки ФИФА ба футболбозони хорватӣ беэҳтиромӣ кардааст. Далич дар феҳрасти 14 футболбози беҳтарини ҷаҳон танҳо як хорват, Лука Модричро таҳқиромез арзёбӣ кард. Мо дигар овозҳоро таҳлил мекунем: танҳо Муҳаммад Салоҳ Винисиус Жуниорро беҳтарин бозигар интихоб кард, бразилияҳо Неймарро дастгирӣ карданд, ба Роналду умуман овоз надоданд. Криштиану Роналду дар назарсанҷӣ ширкат накард ва ба ҷои ӯ Пепе ба ҳайси капитан интихоб шуд. Ҳимоятгари «Порту» Мессиро нодида гирифт. Ба сегонаи беҳтарини ӯ Мбаппе, Модрич ва Бензема шомиланд. Криштиано Роналду умуман аз феҳристи беҳтарин футболбозони ҷаҳон аз рӯи ФИФА барои бори аввал аз соли 2007 берун монд. Ба ғайр аз Месси танҳо як капитан ва як мураббӣ Неймарро дар ҷои аввал гузоштаанд. Ин Тиаго Силва ва Тите намояндагони тими миллии Бразилия буданд. Танҳо як капитан Винисиус Ҷуниорро дар ҷои аввал гузоштааст, ки Муҳаммад Салоҳ аст. Намояндагони Норвегия якдилона Эрлинг Ҳоландро ба сегонаи аввал дохил карданд, вале на дар чои аввал. Хулиан Алварес аксар вақт дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Сармураббии тими Фаронса Дидье Дешам Килиан Мбапперо дар ҷои аввал гузошт. Дувумин бозигари беҳтарини ҷаҳон ба гуфтаи мураббии тими миллии Фаронса, сарфи назар аз ҳама сару садоҳои ҷанҷол ва ихтилоф, Карим Бензема будааст. Шояд далел ин аст, ки дар рӯйхати кӯтоҳ дигар фаронсавӣ набуданд.
Мижгонаи Насриддин
Садои Душанбе