Мурғоб: Даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» баргузор гардид
Дар ноҳияи Мурғоб даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ду миллат- тоҷику қирғиз расму оин, урфу одат, маросимҳои хурсандии худро ба воситаи рақс, оҳангу суруд ва саҳначаҳои ҷолиб пешкаши ҳайати ҳакамон ва тамошобинон гардониданд. Ҳайати ҳакамон ба ҳунару маҳорати иштирочиёни фестивал-озмун баҳои арзанда доданд ва ба беҳтаринҳо барои ширкат дар озмуни вилоятӣ роҳхат дода шуд.
Раиси ҳайати ҳакамон дар ноҳияи Мурғоб Мулкамон Мамадамонов иброз дошт, ки «ин озмун ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, мавзӯи меҳварии он ҳам инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, файзу баракати Истиқлоли давлатӣ, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дустӣ байни халқҳои ин сарзамини бостонӣ аст».
«Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ин фестивал аз фестивалҳои ноҳияҳои дигари вилоят ин буд, ки сарояндагону навозандагон таронаву оҳангҳои тоҷикиву қирғизиро муштарак иҷро мекарданд ва ҳунармандони тоҷик таронаҳои қирғизию ҳунармандони қирғиз баръакс таронаҳои тоҷикиро сароида, «Андалеб»-ро воқеан ба як фестивали дӯстию ҳамабастагӣ ва эҳёи анъанаҳои неки инсонӣ табдил доданд»- афзуд Мулкамон Мамадамонов.
Яке аз дигар шартҳои ин озмун баргузор кардани намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо номи «Бозори ҳунар» буд, ки ҳунармадони мардумӣ маҳсулоти дастии худро ба намоиш гузоштанд.Бештари маҳсулоти дастӣ аз маводҳои дастраси маҳалӣ, аз ҷумла устухону пӯсти бузу гӯсфанд ва қутос истеҳсол шудаанд, ки аз ҷиҳати экологӣ поку барои инсон бехатар мебошанд.