Гранти БОР ба Тоҷикистон барои хариди ваксинаи зидди COVID-19

Дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) оид ба маблағгузории Лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ба имзо расонида шуд.

Маблағи умумии Лоиҳа 26,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 25,0 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантиии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 дар ҳаҷми 3,4 миллион воя (доза) бо қуттиҳои бехатарӣ ва сӯзандоруҳо, хариди дигар таҷҳизоти тиббӣ, инчунин анҷоми тадбирҳо вобаста ба амалӣ намудани барномаи эмгузаронӣ ва идоракунии лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE