Имрӯз дар Душанбе фестивали наврӯзӣ баргузор мегардад

Имрӯз, соати 15:00 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва бо мақсади муаррифии имконоти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон Фестивали «Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат хабар доданд.

Дар доираи фестивал баргузории намоиши имконияти сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, намоиши либоси миллӣ ва рақсу суруд дар назар аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE