ТАҚДИМИ ҒАЙРИИНТИЗОРИ ХОНАҲОИ 2 ҲУҶРАГӢ БА НАВРАСОН
Таҳти ин ном, имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур, ки бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин озмунро масъулин дар таваҷҷӯҳи бештар ба рӯзгори кӯдакону наврасон, хоссатан гурӯҳи имконияти маҳдуддоштаи ин қишр унвон намуданд. Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор шуд, ғолибони даври ҷумҳуриявӣ дар номинатсияҳои гуногун эълон гардиданд. Ғолиби Шоҳҷоиза, Шукрона Тоирова бо дипломи дараҷаи якум ва хонаи ду ҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд. Ғолобони ҳар яке аз номинатсияҳои дигар бошад бо мукофоти пулӣ ва диплому ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд. Барои фароғату истироҳати меҳмонон сарояндагону навозандагон таронаву мусиқиҳои ҷолибро пешниҳод сохтанд. Ёдовар бояд шуд, ки ин чорабинӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқшудаи роҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардида, ташкилу гузаронидани дигар чорабиниҳо то рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.
ТАҚДИМИ ҒАЙРИИНТИЗОРИ ХОНАҲОИ 2 ҲУҶРАГӢ БА НАВРАСОН
Маҳмудҷон Муродов роҳбари ҶДММ “Сарманзил” дар чорабининие, ки аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ташкил шуд, ба 2 нафар наврас ба таври ғайриинтизор 2 хонагӣ туҳфа кард. Инҳо Тоирова Шукрона ва Хатича Муслимова мебошанд, ки бо сабаби маъюбӣ наметавонанд озодона роҳ бираванд. Зимни тақдими хонаҳо волидайни кӯдакон ашки шодӣ рехта, ба чунин саховатмандии соҳибкор аҳсан хонданд. Гуфтанист, ки ин соҳибкор чандин оилаҳои ниёзмандро, баъд аз гузоришҳои Сомонаи Оила бо хона ва таҷҳизоти рӯзгор таъмин намудааст. Ҳафтаи қабл, низ як оилаи бесарпаноҳ тавассути ин нафар соҳиби хона шуда буд.
Бахтовар Аминзода
Садои Душанбе