Ширкати “IRS” аз бориши пуршиддати барф дар масири Душанбе – Чаноқ хабар медиҳад
Ширкати “IRS”: Иттилоъ медиҳем, ки дар масири Душанбе – Чаноқ, хоса аз километри 10 то 73 – юм бориши пуршиддати барф идома дорад. Вобаста ба ин, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш тамоми шаб амалӣ гардида, ҳоло ҳаракати нақлиёт, ба ғайр аз Фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор, имконпазир аст.
Муваққатан маҳдуд кардани гузариши Фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор ба он хотир аст, то ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод нагардад.
Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя ва ба ҳолати техникии автомобилҳояшон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Роҳи сафед орзумандем!
05.12.2022