Байни Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ барои солҳои 2024-2025 баррасӣ шуд
Бо мақсади баррасӣ ва ниҳоӣ намудани Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2024-2025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия вохӯрии онлайнии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.
Зимни вохӯрии маҷозӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳое, ки барои амалисозии Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2024-2025 байни вазоратҳои тандурустии ду давлат дар назар гирифта шудаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла, дар доираи амалисозии харита ҳамкорӣ дар бахшҳои ихтисоси мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҷдиди заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, таҳкими низоми стандартизатсия, назорати маводи доруворӣ, иштироки муштарак дар чорабиниҳои илмӣ ва илмию амалӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиббӣ ва фарматсевтӣ ва дигар масъалаҳои соҳа дар назар дошта шудааст.