Баррасии масъалаи татбиқи минбаъдаи ихтирооти сабтшуда байни Тоҷикистон ва Ташкилоти патентии авруосиёӣ

6 июн вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Президенти Идораи патентии авруосиёии Ташкилоти патентии авруосиёӣ Ивлиев Григорий баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид, хабар медиҳад Вазорати  рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии соҳаи моликияти зеҳнӣ, инчунин идомаи татбиқи барномаҳои дахлдор доир ба тақвияти иқтидори кадрии коршиносони соҳа ва мубодилаи таҷриба дар ин самт, дастгирии паркҳои технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва татбиқи минбаъдаи ихтирооти сабтшуда табодули андеша сурат гирифт.

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви муҳими Ташкилоти патентии авруосёгӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳамгироии авруосиёгӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE