Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон система электронии бақайдгирии ҷиноятҳоро ба кор андохт
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода ва роҳбари Шуъбаи мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон – хонум Сита Фаррелл маросими намоиш ва ба истифодадиҳии системаи ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи ҷиноят баргузор гардид. Дар ин бора аз ВКД ҶТ хабар доданд.
Бо мақсади сифатан беҳтар намудан ва ҳарчи бештар дастрас гардонидани хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ, ба таври фаврӣ вокуниш нишон додан ба мушкилоти ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон дар асоси технологияҳои муосир, саривақт ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, хосатан пешгирии аз қайд пинҳон намудани аризаю шикоятҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани эътимоди халқ ба милитсия, ба роҳ мондани шаффофият ва огоҳонидани аҳолӣ аз раванди санҷиши арзу шикоятҳо, дар фаъолияти Вазорат системаи ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи ҷинояҳо ҷорӣ карда мешавад.
Системаи мазкур ба таври таҷрибавӣ имрӯз танҳо дар ҳудуди ШВКД-ҳои шаҳри Душанбе ҷорӣ гардида, минбаъд дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн мегардад.